«Таҳаввулоти 25 соли Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон»- конфронси илмӣ- амалӣ дар Академияи илмҳо
Душанбе, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таҳаввулоти 25 соли Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон» доир гардид.
Дар конфронс президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзишу сайёҳӣ Фурқат Пиров, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе М. Гулов, раиси Шӯрои олимони ҷавонони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мену Мамадюсуфова ва раиси Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Давлатов сухан гуфта, истиқлолиятро муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат маънидод намуданд.
Ҳамчунин олимону муҳаққиқони ҷавон атрофи мавзӯъҳои Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон маърӯза карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






