Таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли равон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон пазироии ботантанаи расмӣ баргузор намуд.
Дар пазироӣ муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, раиси қисмати қазоқистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ А. Магауов, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Қазоқистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва ҷамъияту ташкилотҳои кишвари иқомат, намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолият, миқёси гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои стратегии он, инчунин роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон сухан гуфт.
Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон А. Maгауов аз номи Ҳукумати Қазоқистон мардуми Тоҷикистонро бо таҷлили солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои нақшаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар сухан ронд.
Ба маҳфил консерти ансамбли рақсии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақсҳои миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ҳусни хосса бахшид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






