Таҷлили ҷашни пуршукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Берлин

Сентябрь 16, 2016 11:13

Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли равон дар бинои асосии «Дойче Банк»-и шаҳри Берлин бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон зиёфати расмӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ҷамъомади ҷашнӣ намояндагони Ҳукумати федеролӣ, вакилони Бундестаг, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, олимон ва чеҳраҳои шинохта, инчунин ҳамватанони муқими Олмону донишҷӯёни тоҷик даъват шуда буданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ҳозиринро бо ин ҷашн табрик гуфта, 25 соли соҳибистиқлолии давлати навини тоҷиконро давраи муҳим ва пурифтихор арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ин давра таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама бахшҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Олмон Михаил Зиберт мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, омодагии кишварашро дар вусъату густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон изҳор намуд.
Дар ҷамъомади ҷашнӣ ба ҳозирин намоиши асарҳои рассомони тоҷик, ки бозгӯи таърихи куҳан ва табиати зебою нотакрори Тоҷикистон мебошанд, инчунин филми мустанад оид ба ҳаёти имрӯзаи кишвар пешкаш гардиданд. Ҳамчунин сарояндаи шинохта Ҷаъфари Ҷалол бо сурудҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро шод гардонд.
Ба меҳмонони ҷамъомади ҷашнӣ зиёфати идона иборат аз хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав пешниҳод гардид.

Сентябрь 16, 2016 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад