Тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии Сока Гаккай

Сентябрь 16, 2016 09:47

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли 2016 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо ноиби Президенти Созмони байналмилалии Сока Гаккай (Soka Gakkai International) Кенҷи Йёшиго барпо гардид.
Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии Сока Гаккайро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва бостоншиносӣ, инчунин дигар самтҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Табодули пешниҳодҳои самаранок ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳо дар самтҳои нав миёни мусоҳибон сурат гирифта, ҳамчунин ҷиҳати баргузории чорабиниҳои муштарак, махсусан дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки ба тавсеаи муносибатҳо ва нақши муассир дар ҳамкории Тоҷикистону Япония хоҳад дошт, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сентябрь 16, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад