Табрикоти Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон
Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/
Ҳамватанони азизу гиромӣ,
Иҷозат фармоед самимонатарин табрику таҳнияти худро бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти кишвар, бародарону хоҳарони тоҷикистониамон изҳор намоем.
Байни мову шумо масофаи якчанд ҳазор километрӣ вуҷуд дорад, вале моро ба таври ҷовидона ҳазорҳо риштаҳои хотира, дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ пайванд менамоянд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақиятҳои нав ба нав, осудаҳолӣ ва хушбахтӣ, амалӣ шудани ҳама ниятҳои нек, бахусус осмони беғубор ва сулҳро орзумандем.
Мо ҳамеша чеҳраҳои зебову неки шумо, меҳмоннавозии хос ва фарҳанги волоятонро дар ёд дорем. Мо ҳеҷ гоҳ зебоиҳои дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ҳавои софу атрогин ва меваҳои шаҳдбори Тоҷикистонро фаромӯш намекунем.
Мушкилиҳои шумо моро дар канор намегузоранд ва муваффақиятҳои шумо моро сарбаланду сарфароз менамоянд.
Ҷашн муборак, дӯстони гиромӣ!
Бо эҳтиром,
Аз номи аъзои Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон
Александр Хайзер, ш.Берлин, 7 сентябри 2016








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






