Тантанаҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт

Сентябрь 17, 2016 08:37

Душанбе, 17.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт тасмим гирифтааст, ки мутобиқи нақшаи кории хеш вобаста ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-22-юми сентябри соли 2016 дар кишвари иқомат чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор намояд.

Интизор меравад, ки дар расми баргузории он иштироки роҳбарони мақомоту идораҳои давлатии Кувайт, аъзои парламент, корпуси дипломатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, аҳли илму маданият, кормандони воситаҳои ахбори омма, инчунин тоҷирону соҳибкорон ширкат кунанд.

Барои ширкат намудан дар ҷамъомади мазкур гурўҳи рақсии Муссисаи давлатии «Мактаби Зебо Аминзода» бо ҳамдастии ансамбли созҳои миллӣ, ансамбли созҳои зарбӣ, ҳайати сарояндагон ва чеҳраҳои маъруфи ҳунарҳои мардумӣ, аз кандакорону устоҳои оҳангари чирадасти кишварамон ташриф оварда, бо беҳтарин оҳангҳои тозаэҷод ва классикии тоҷикӣ, инчунин намоиши ҳунарҳои дастии хешро ба маърази диди меҳмонони хориҷӣ хоҳанд гузошт.

Дар ҳошияи ҷамъомад ба расми таблиғу ташвиқи дастовардҳо аз сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, ҷиҳати бештар ошно намудани мардумони кишвари иқомат ва дигар меҳмонони хориҷӣ бо таърихи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба тариқи расонаҳои хабарии кишвари иқомат роҳандозӣ хоҳад шуд.

Сентябрь 17, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад