«Тоҷикистон- кишвари зеботарин»- озмуни расмҳои беҳтарин дар Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳӣ
Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади мусоидат намудан ба устувории рушди туризм ва ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа озмуни «Истеҳсоли маҳсулоти туристӣ ва савғотии беҳтарин ба туристон»-ро бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ байни ҳунармандони кишвар ва озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби туристӣ»-ро эълон менамояд.
Ҳамчунин Кумита дар нақша дорад баробари озмунҳои мазкур озмуни беҳтарин расмҳоро бо номи «Тоҷикистон-кишвари зеботарин» роҳандозӣ намояд.
Силсилаозмунҳои мазкур дар иртибот ба татбиқи босамари «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017», оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ ба нақша гирифта шудааст
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, муҳлати қабули мавод то 1 ноябри соли равон сурат мегирад.











Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






