Тоҷикон ҳамқадами таъриханд
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябри соли равон рӯзномаи мисрии «Руз-ул-Юсиф» мақолаи нависанда ва пажӯҳишгари мисрӣ Аҳмад Абду Таробикро таҳти унвони «Тоҷикон ҳамқадами таъриханд» дар шакли чопӣ ва электронӣ мунташир намуд.
Дар он мақола саҳми халқи тоҷик дар ғанисозии тамаддуни исломӣ ва ҷаҳонӣ ва таърихи робитаҳо байни тоҷикон ва арабҳо ба таври фишурда баррасӣ шудаанд. Дар ин росто, ба китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки нусхаи арабии он дар Қоҳира дар чор ҷилд қаблан чоп шуда буд, ҳамчун манбаи арзишманди омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз ориён то Сомониён ишора рафтааст. Муаллиф афзудааст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон аз шахсиятҳои нодирест, ки сиёсатро бо фарҳанг ба ҳам овардааст.
«Руз-ул-Юсиф» яке аз куҳантарин рӯзномаҳои Миср ба шумор рафта, шумораи нахустини он 26 октябри 1926 аз чоп баромадааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






