Ваколати Сафири Эстония дар Тоҷикистон ба итмом расид
Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябри соли 2016 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолдро бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба сифати Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Эстония ибрози андеша намуда, умедвории амиқро аз таҳкими минбаъдаи муносибатҳо баён карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон М.Ҳусейнзода ба Я.Рейнхолд дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно намуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






