Варзишгарони Тоҷикистон Ҷоми Федератсияи панкратиони муосири мамлакатро ба даст оварданд
Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Федератсияи панкратиони муосири ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз намуди муҳорибаҳои омехта (панкратион) доир шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 20 нафар варзишгари беҳтарини ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мусобиқа иштирок намуда, барои ба даст овардани Ҷоми Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бурданд.
Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Аламшозода ба варзишгарон фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо таманно намуда, зикр намуд, ки сол то сол варзиш дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти бештар пайдо намуда, халқҳою миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо варзиш рисолати аслии хешро дар самти таҷассуми сулҳ ва таҳкими дӯстию рафоқат иҷро намуда, тарғибкунандаи ҳаёти солим ва пешгирикунандаи ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа дониста мешавад.
Дар мусобиқаи сатҳи байналмилалии муҳорибаҳои омехта варзишгарон аз рӯи 10 вазн (аз 57 то 93 кило ва аз он боло) қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони тоҷик Комрон Зикриёев, Манучеҳри Сироҷиддин, Муҳаммадҷон Ализода ҷойҳои аввали мусобиқаро ишғол намуданд. Аз натиҷаи ҷойҳои ишғол намуда дастаи варзишгарони Тоҷикистон ғолиби Ҷоми Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукот Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






