Вазъи қурби пули миллӣ барои имрӯз
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 20 сентябр, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8720 сомонӣ, 1 евро = 8.7985 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1186 сомонӣ.
Бояд гуфт, ки қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =7.9000 сомонӣ, 1 евро =8.7800 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1217 мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






