Ёвон: Марафони ноҳиявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Душанбе, 03.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастоварди беназири фарзанди фарзонаи миллат, ғолиби Бозиҳои тобистонаи олимпӣ Дилшод Назаров мусобиқаи марафони ноҳиявӣ доир шуд.
Марафон аз соати 8 субҳ аз назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оғоз гардида, тавассути ҷамоатҳои деҳоти Г. Юсуфова, Обшорон, Ситораи Сурх, шаҳраки Ҳаёти Нав, Норин, Чоргул ва Даҳана идома ёфт. Соати 14 марафони мазкур дар боғи марказии Ғалаба бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ноҳияи Ёвон ҷамъбаст гардид.
Дар марафон зиёда аз 30 нафар ҷавонони ноҳия бо гирифтани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳо ба ифтихори ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолибияти Дилшод Назаров иштирок намуданд.
Иштирокчиёни марафонро дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот хурду калони ноҳия бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол истиқбол гирифта, шодиву хурсандӣ мекарданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ то ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.










Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






