Заминаҳои қонунгузорӣ барои рушди туризми дохилӣ таҳким меёбанд

Сентябрь 27, 2016 17:15

miraliyonДушанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ба манбаъҳои гуногуни мусоидаткунанда ба ташаккул ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ ниёз дорад, ки яке аз чунин манбаи муътамад ва устувор туризм мебошад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон даромади умумӣ (экспорт) аз туризми байналмилалӣ ба $1,5 трлн. баробар гардид,  ки 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад. Ташрифи сайёҳони байналмилалӣ 4% афзоиш ёфта,  ба 1,2 млрд. нафар расид. Туризми байналмилалӣ дар ҳамин сол ба Аврупо  $509 млрд., ИМА $177 млрд., Испания $65 млрд ва Чин $57 млрд. даромад ба даст овард. 30% содироти хизматрасонии ҷаҳонӣ ба ин навъи фаъолият рост меояд, ки онро ҳамчун манбаи устувори иқтисодӣ инъикос менамояд.

Дар ин роҳ, яъне рушди туризм мебояд шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, маданият ва маърифати муносиби сайёҳии шаҳрвандон аз талаботи асосии ин самти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз онҳо танқисӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди туризмро ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар дастгирӣ менамояд ва танҳо дар ду соли охир зарурати онро дар 35 мулоқоту суханронӣ ва мусоҳибаҳои хеш иброз намуда, ба мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои дахлдор додааст. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (2012)  Пешвои миллат  чунин изҳор доштанд:   «Мо рушди туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноку ояндадор эълон карда, доир ба ташкили инфрасохтори он ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодаем. Зарур аст, ки баробари тараққӣ кардани туризм ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба касбу ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла коркарди сангҳои ороишӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳое, ки аз қадим дар байни мардуми мо роиҷанд, эътибори ҷиддӣ дода шавад». Инчунин зарурати инкишофи ин бахши муҳими иқтисоди миллиро Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(26.04.2013) чунин иброз намудааст: «Барои боз ҳам афзоиш додани сармоягузориҳои хориҷӣ рушди соҳаи туризм омили муҳим ба шумор меравад, зеро Тоҷикистон имкониятҳои бузургеро доро мебошад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои мусоиду нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд.Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад».

Дар ин самт яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ бахусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ чун Тоҷикистон, ин ташаккул ва рушди туризми дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ин роҳ метавон дар муддати кӯтоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти зиёди сайёҳӣ ташкил намуд ва маърифат, маданият ва фарҳанги шаҳрвандонро дар самти хизматрасонии сайёҳӣ баланд гардонид.

Туризми дохилӣ, ё миллӣ ва ё ватанӣ- ин саёҳати шаҳрвандон дар ҳудуди мамлакати худ мебошад.

Туризми дохилӣ ва ё ватанӣ бо якчанд бартариятҳои зерин барои Тоҷикистон дар самти рушди туризм ва ба ин васила, иқтисодиёти миллӣ бисёр муносиб ва саривақтӣ маҳсуб мешавад:

  • Захираҳои сайёҳӣ ва дастрасии онҳо:
    • Тоҷикистон аз қатори кишварҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати зинда ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои шакли муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷуҳи сайёҳон, шаҳрвандон, дӯстдорони сайру саёҳат ва фарҳангдӯстонро ҷалб кардааст;
    • Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандон кашфношуда боқӣ мондаанд;
    • Кулли шаҳрвандон аз таърих, тамаддун ва фарҳанги бойи миллати тоҷик ба пуррагӣ бархурдор намебошанд, ки танҳо саёҳати дохиликишварӣ ин талаботро қонеъ гардонида метавонад.
  • Завқи баланд ва хоҳиши ҷомеа ба сайру саёҳат:

Миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дидан намудан (ташриф овардан) аз ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.

  • Донистани маҳал, забон, урфу одат ва муҳит:
    • Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳалли сафар ва урфу одатҳои онҳо танқисӣ мекашад. Барои туризми дохилӣ ин мушкилӣ ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф мезананд ва аз урфу одатҳои маҳалҳои якдигар бархурдор мебошанд;
    • Муҳит ва маҳалли сафар барои сайёҳ(шаҳрванд) шинос аст ва сайру саёҳати ӯ озодона ва сабук сурат мегирад.
  • Дастрас ва паст будани қимати/нархи саёҳат:
    • Шаҳрвандон асосан аз нақлиёти заминӣ, алоқаи муқаррарӣ ва технологияи иттилоотии муносиб истифода мекунанд, ки барои онҳо дастрас ва нисбат ба саёҳати берунӣ хеле арзон мебошад;
    • Мавзеи сафар наздик аст, зарурат ба харҷи зиёд, аз ҷумла истифодаи нақлиёти ҳавоӣ пайдо намегардад;
    • Бинобар фарҳанги хуби наздикӣ (хешутаборӣ ва дӯстӣ) доштан, шаҳрвандон ҳангоми сафар барои хоб бештар аз хонаҳои наздикон ва дӯстон истифода мекунанд. Ҳамчунин тибқи тартиби муқарраргардида барои шаҳрвандон хизматрасонии меҳмонхонаҳо ба маротиб арзон мебошад.

Ҳамзамон туризми дохилӣ ба Тоҷикистон метавонад барои ноил гардидан ба дастовардҳои зерини туристӣ боис гардад:

  • Маърифатнокӣ ва маданияти баланди шаҳрвандон оид ба фаъолияти сайёҳӣ, ки дар ниҳоят барои рушди соҳаи туризми берунӣ ва ба ин васила ҷалби маблағи зиёд ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд;
  • Шиносоӣ ва маълумотнокӣ аз таъриху тамаддун ва фарҳанги воқеии миллӣ боиси ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихормандии шаҳрвандон аз Ватан ва давлатдории муосир мегардад;
  • Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳон фароҳам мегардад, ки он аз ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ

Батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти туризми дохилӣ таҷрибаи нахустин набуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бо василаҳои гуногун ба меъёр дароварда шудааст. Мисол, дар Ирландия Қонун «Дар бораи туризми миллӣ» (2003), дар Ҷопон Қонун «Дар бораи заминаҳо барои дастгирии туризми миллӣ» (2006)[1], дар Чин  Қонун «Дар бораи туризми шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин» (2013)[2], дар ИМА Қонун «Дар бораи туризми маҳаллии амрикоӣ» (2015) қабул гардида, меъёрҳои гуногунро бобати рушди туризми миллӣ татбиқ менамоянд.

Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ зери унвони «Баъзе назарҳо оид ба туризми дохилӣ» ҳуҷҷатеро ба тасвиб расонидааст. Мутобиқи ин ҳуҷҷат ҳамасола 4,8 млрд. нафар дар рӯи ҷаҳон ба саёҳат мебароянд, ки 83% (4 млрд. нафар) онро туризми дохилӣ ташкил медиҳад[3].

Дар баробари ин, татбиқи муносибатҳоро дар самти ташаккули қонунгузорӣ ва низоми туризми дохилӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи минтақавӣ тақозо менамоянд, аз ҷумла: Қонуни моделӣ «Дар бораи фаъолияти сайёҳӣ (дар таҳрири нав)» (қарори Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ аз 16.04.2015, №42-14), Қонун «Дар бораи заминаҳои фаъолияти сайёҳӣ дар Федератсияи Русия». Бахусус дар моддаи 6 Қонуни моделӣ муқаррар шудааст, ки:«Самтҳои афзалиятноки батанзимдарории давлатии соҳаи туризм ин дастгирӣ ва рушди туризми дохилӣ, воридотӣ, корӣ, осоишгоҳӣ, рӯйдодӣ, иҷтимоӣ ва худфаъол мебошад». Мутаносибан ин муқаррарот моро чун аъзои ИДМ водор месозад, ки тадбирҳои судманд андешем.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон туризми дохилӣ ҳамчун ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, муқаррар карда шудааст. Аммо Қонуни соҳавӣ асосан муносибатҳоро дар самти ҷалби сайёҳони берунӣ танзим менамояд, вале тавре аз дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ дар қиёс ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта бармеояд, асоси рушди туризмро туризми дохилӣ – саёҳати системавӣ ва динамикии шаҳрвандон дар ҳудуди кишвар ташкил медиҳад.

Асосноккунии молиявӣ

Туризми дохилӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд талаб намекунад. Дар баробари ин, ҷанбаҳои идорӣ, таълимӣ, методӣ ва иттилоотии ин навъи фаъолият дар доираи имкониятҳои умумии барои соҳаи туризм муқарраргардида амалӣ гардида истодаанд ва дар ин муносибат бо назардошти таҳлили боло зарур мегардад, ки соҳаи туризм ба ду самт- дохилӣ ва берунӣ ҷудо карда шуда, дар алоҳидагӣ мавриди кор қарор дода шаванд.

Тибқи таҳлилҳои пешакӣ туризми дохилӣ метавонад имкониятҳои зерини молиявиро фароҳам биёрад:

  • имконоти инфрасохтории туризмро такмил дода, маблағи зиёдеро аз ҳисоби ҷалби (ташрифи) сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷомеа ҷалб созад;
  • дар роҳи ташкил ва рушди хизматрасонии сайёҳӣ барои саёҳати шаҳрвандон маблағи (саҳми) иловагии соҳибкоронро ба соҳа ҷалб созад;
  • шахсони воқеиро, бахусус истиқоматкунандагони мавзеъҳои сайёҳиро водор созад, ки ташкили (маблағгузории) хизматҳои мувофиқ ва муносиби сайёҳиро ба роҳ монанд ва ба ин васила даромади зиёди молиявӣ ба даст оранд;
  • доираи соҳибкорон ва дигар гурӯҳи субъектҳоро барои амалӣ намудани хизматрасонии пулакии сарироҳӣ водор созад;
  • истеҳсолкунандагони маҳсулот ва маснуоти халқиро, аз қабили наққошон, чӯбтарошон, сангтарошон, расомон, дӯзандагон ва ғайра барои омода намудани маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ ва ба фурӯш баровардани онҳо фаъол гардонад;
  • субъекҳои соҳибкорӣ зиёд ва ба ин васила ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам гардида, пардохтҳои андозӣ ба давлат зиёд мегарданд.

Ташаббуси пешгирифта

Бо назардошти таҳлилҳои мазкур ба танзими ҳуқуқӣ даровардани муносибатҳо ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии муносиб дар самти рушди туризми дохилӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, таҳия ва татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» дар роҳи ноил гардидан ба мақсадҳои зерин:

  • танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди туризми дохилӣ;
  • мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар;
  • маърифатноксозии ҷомеа оид ба фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла ба даст овардани даромад аз ин навъи фаъолият ва рушди маданияти шаҳрвандон зимни қабули сайёҳон;
  • маълумотноксозии ҷомеа, бахусус наврасон ва ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ;
  • мусоидат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳон дар кишвар;
  • меъёрикунонии фаъолият ва ҳавасмандсозии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои ташаккули (машғул гардидан ба) туризми дохилӣ;
  • меъёрикунонии муносибатҳо дар ташкили туризми хонагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
  • дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкили инфрасохтори аввалии сайёҳӣ, ба монанди ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, меҳмонхонаҳои сайёр ва хурд (дар мавзеъҳои дурдасти сайёҳӣ), мағозаҳои (дӯконҳои) фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ ва ғайра;
  • меъёрикунонии муносибатҳо дар ташкили саёҳати муташаккилонаи таълимгирандагон ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар бо назардошти таъмини бехатарӣ ва суғуртаи тиббӣ.

Бо ҳамин мақсад як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия намудани лоиҳаи Қонун «Дар бораи туризми дохилӣ»-ро тасмим гирифтанд. Дар ҳамин асно бо қарори Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2015, №147 дар назди Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони масъули вазорату  идораҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андоз, Академияи илмҳо, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Агентии миллии «Ховар» ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризм Гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, тадбирҳои муайян андешида шуданд. Аз ҷумла таҷрибаҳои қонунгузорӣ ва амалии кишварҳои пешрафта дар самти рушди туризми дохилӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд. Бо мақсади дар амал таҳлил ва арзёбӣ намудани вазъият 7-8 апрели соли 2016 сафари омӯзишии Гурӯҳи корӣ ба шаҳри Панҷакент доир гардид; 24 сентябри соли 2016 бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки васеи субъектҳо дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявӣ оид ба баррасии лоиҳаи такмилёфтаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи Қонун иборат аз 11 боб ва 67 модда бо фаогирии тамоми муносибатҳои ҳуқуқии танзимӣ дар самти рушди туризми дохилӣ омода гардид.

Имтинон дорам, лоиҳаи мазкур ҳамчун васила ва манбаи муосири иловагӣ ба таҳкими Буҷети давлатӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Қиёмиддин Миралиён,

номзади илмҳои сиёсӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода