17 миллион доллари кумаки МБИТ ба олимони тоҷик

Октябрь 6, 2016 09:27

Душанбе, 06.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Маркази байналмилалии илмию техникӣ /МБИТ/ дар зарфи 13 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба 71 лоиҳаю барномаҳои олимону мутахассисони тоҷик ба маблағи беш аз 17 миллион доллар кумак расонид». Ин матлабро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар зимни баррасӣ ва тасвиби Созишнома оид ба идома додани фаъолияти МБИТ баён кард. Раҳимӣ афзуд, ки Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои МБИТ буда, моҳи декабри соли 2015 дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои мудирони МБИТ дар шаҳри Остона Созишнома оид ба идома додани фаъолияти МБИТ ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур аз 18 модда иборат аст ва дар он самтҳои ҳамкорӣ, намудҳои фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо муайян шудаанд.
Ҳамзамон Раҳимӣ афзуд, ки: «Мақсади МБИТ дар асоси ҳамкории илмию техникӣ, роҳ надодан ба паҳншавии силоҳи қатли ом аст, Ташаббусҳои мақсаднок дар мавзӯъҳои бехатарии биологӣ, таҳқиқоти дуҷониба истифодашаванда ва назорати содиротӣ, мониторинги сейсмологӣ, кам намудани хатари заминларза ва дигар офатҳои табиӣ, манъи паҳншавии яроқи ядроӣ, коҳиш додани хатари манбаъҳои нурафзо, радиологӣ, самаранокии энергияи аз лиҳози экологӣ тозаю барқароршаванда аз ҷониби Маркази мазкур маблағгузорӣ карда мешавад. Инчунин МБИТ барои муассисаҳои илмии тадқиқотии кишвар ба маблағи беш аз 5 миллион доллар таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ харидорӣ намудааст».
Дар соли равон 10 лоиҳаи илмии олимони тоҷик ба маблағи зиёда аз 3 миллион доллар аз ҷониби МБИТ амалӣ шуда истодаанд. Инчунин 12 лоиҳаи илмии олимони тоҷик дар баррасии МБИТ қарор дорад. Дар ин муддат ҳамзамон МБИТ дар баргузории 30 конфронсу симпозиум, семинару суҳбатҳо ва сафари 300 олими тоҷик ба кишвархои хориҷӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллар кумак расонидааст.
Бояд тазаккур дод, ки МБИТ 27 ноябри соли 1992 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Амрико ва Русия таъсис ёфта буд.

Октябрь 6, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид