2-юмин Саммити муколамаи ҳамкории Осиё дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор гардид
Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор гардид, суханронӣ намуда, саҳми онро дар рушди ҳамкории мутақобила байни кишварҳои қитъаи Осиё муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки 8-10 октябри соли равон доир гардид, намояндагони зиёда аз 34 давлати Осиё ширкат варзиданд.
Мақсади асосии Саммит-баррасии масъалаҳо дар соҳаҳои илму маориф, рушди захираҳои инсонӣ, технологияву инноватсия, ҳамкории мутақобила дар самти амнияти озуқаворӣ, энергетика ва об, фарҳанг, сайёҳӣ, рушди фарогир ва устувор арзёбӣ гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






