3 октябр- Рӯзи ҷаҳонии манзили зист. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ зимни бунёди биноҳо унсурҳои миллии меъмориро ба назар мегирад

Октябрь 3, 2016 17:30

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола душанбеи якуми моҳи октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии манзили зист таҷлил мегардад.

Соли 1985 тибқи тавсияи Комиссия оид ба маҳалҳои аҳолинишин, Ассамблеяи генералии СММ бо қатъномаи худ ин рӯзро бо мақсади то соли 2000 таъмин кардани аҳолии кураи замин бо манзили зист таъсис дода буд.

Шурӯъ аз соли 1996 ба Рӯзи ҷаҳонии манзили зист Рӯзи байналмилалии архитектура низ ҳамроҳ карда шуд.

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар аз моҳи январ то августи соли равон ба масоҳати умумии 494, 6 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86,3 фоизро ташкил медиҳанд.

 

Дар моҳҳои январ-августи соли 2016 дар вилояти Хатлон 162,9 ҳазор метри мураббаъ, вилояти Суғд-216,5 ҳазор метри мураббаъ, дар шаҳри Душанбе-65,7 ҳазор метри мураббаъ ва дар НТҶ-49,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Онҳо дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 410,3 ҳазор метри мураббаъ ё 82,6 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашударо сохтаанд.

Тавре муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Абдукарим Абдуалимзода иброз намуд: «Даҳҳо биноҳои истиқоматӣ ва маишие, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ дар кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд, дар сохтмони онҳо масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода шудаанд ва ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯй ҳастанд. Тибқи талабот ҳар манзили истиқоматие, ки бунёд мегардад, бояд бо сифати баланд, дорои таваққуфгоҳи замонавӣ, майдончаи кӯдакона ва дигар шароити замонавӣ барои зист бошад. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ назорати сифати корҳои сохтмониро ба роҳ монда, дар тӯли 9 моҳи соли равон сохтмони 1036 иншоотро назорат карданд.

dushanbe-sohtmon

Мутахассисони Хадамот дар рафти санҷишҳои назоратӣ 3205 камбудӣ ошкор кардаанд, ки аз ин 227 камбудӣ корҳои заминӣ, 898 камбудӣ сифати конструкияҳои оҳану бетонӣ, 430 камбудӣ дар сохтмони деворҳо, 305 камбудӣ дар корҳои пардозгарӣ, 174 камбудӣ дар сохтмони бом, 158 камбудӣ дар корҳои сантехникӣ ва барқӣ, 121 камбудӣ дар таъмиру сохтмони роҳҳо, 232 камбудӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, 68 камбудӣ бе хулосаи мусбати ташхиси давлатии лоиҳа оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ, 57 камбудӣ амалӣ накардани назорати муаллифӣ, 72 камбудӣ сифати масолеҳи сохтмонӣ, 17 камбудӣ корҳои меъморӣ, 27 камбудӣ комиссияи давлатии қабули иншоот, 128 камбудӣ техникаи бехатарӣ, 4 камбудӣ бе қарори мақомоти дахлдор оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ, 31 камбудӣ бе лоиҳаи корӣ оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ, 126 камбудӣ бе иҷозати сермеъмор оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ ва 39 камбудӣ ба инобат нагирифтани дастрасии маъюбонро ба биною иншоот дар бар мегирад».

Ба маълумоти Абдукарим Абдуалимзода, ба 333 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 362740 сомонӣ ҷарима таъйин шуда, аз он 333290 сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардидааст. 14 қарор ба маблағи 22600 сомонӣ барои рӯёнидани ҷарима бо аризаи даъво ба макомоти судӣ ирсол карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2016 сохтмони 37 иншооти бе хулосаи мусбати ташхиси давлатии лоиҳа, 86 иншооти бе иҷозати мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, 23 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 4 иншооти бе қарорҳои раисони ноҳия оғозгардида муваққатан манъ карда шуда, ба маблағи 98000 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Кумита кӯшиш дорад, ки минбаъд дар пойтахти кишвар биноҳои истиқоматии аз 16-ошёна зиёд қомат афрозанд. Пештар биноҳои истиқоматӣ ба таври аврупоӣ сохта мешуданд, вале солҳои охир зимни бунёди биноҳо меъмории миллӣ ба назар гирифта мешавад.

«Имрӯз биноҳои истиқоматие, ки бо камбудӣ ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда пешкаш мегарданд, бисёри онҳо аз ҷониби соҳибкорон бе иҷозати мақомоти дахлдор сохта мешаванд. Беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ҳамин аст, ки дар ин самт пайваста муваффақиятҳои комил ба даст меоянд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки ин камбудиҳоро бартараф намоем»,-илова намуд муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Абдуалимзода Абдукарим.

 

Мавҷуда Анварӣ

 

Октябрь 3, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон фаромадани туман ва сар задани тарма пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
«ОЛИҲАИ МЕҲР». Маҷмуа ба мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа бахшида шудааст
«Анор» сокинони Душанберо хушҳол намуд
Дар вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат вохӯрӣ баргузор шуд
ДАРАХТ БИШНОН! Дар шоҳроҳи Душанбе — Варзоб беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Дар академияи зимистонаи «Ҳаво» масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд
Дар шаҳри Ҳисор ба маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд
Дар Душанбе дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд