31 октябр-Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ: Сарфаи сари дастурхон-беҳ аз савдогари Ҳиндустон

Октябрь 31, 2016 17:26

Душанбе, 31.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ (International Saving Day) ҳамасола 31 октябр таҷлил карда мешавад. 27 октябри соли 1924 дар шаҳри Милани Итолиё аввалин  Конгресси байналмилалии бонкҳои амонатгузорӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони бонкҳои амонатгузории 29 кишвари ҷаҳон ҷамъ омаданд. Иштирокдорон дар рӯзи охирони конгресс- 31 октябр ҳамчун «хотира аз ҷаласаи аввалини бонкҳои амонатгузории ҳамаи кишварҳо» ҷашн гирифтани ин рӯзро ҳамчун «Рӯзи пасандозҳо» эълон доштанд.    Моро мебояд дар ин рӯз на танҳо пул, балки вақт, об, барқ ва дигар сарватҳои молию табииро сарфа намоем.

Аз соли 1989 инҷониб бо қарори СММ ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ ҷашн гирифта мешавад ва дар тақвими бисёр аз кишварҳои ғарбӣ имрӯз ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин рӯз тамоми бонкҳо бояд фаъол бошанд, то аҳолӣ имкон дошта бошад, ки амонатҳояшонро ба ҳисоби худ гузаронанд.  Масалан, дар Олмон  ин рӯзро пеш аз 31 октябр ҷашн мегиранд, зеро 31 октябр дар баъзе вилоятҳои ин мамлакат рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Давоми чанд соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшидани сарфакорӣ дар самти истифодаи буҷети давлатӣ, неруи барқ, оби ошомиданӣ ва баргузор намудани тӯю маъракаҳо дар маркази диққат қарор дорад. Дар саргаҳи ин иқдомҳо Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, натиҷаҳояш низ назаррасанд. Ибтикори Сарвари давлат бобати истифодаи лампаҳои каммасраф хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир арзёбӣ шудааст. Дар ин замина миллионҳо киловатт— соат қувваи барқ сарфа шуда, замина фароҳам омад, ки таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳо бо он беҳбудӣ ёбад. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки ин таҷриба ҳамчун намунаи ибрат аз ҷониби кишварҳои дигар, аз ҷумла  Федератсияи Русия  мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ба кор даровардани Марказҳои барқу гармидиҳии «Душанбе 1» ва «Душанбе-2» ва бо гармӣ таъмин кардани аҳолӣ низ барои сарфаи неруи барқ пешбинӣ шудааст. Бино ба гуфтаи мутахассисон гармидиҳии мутамарказ нисбат ба гарм кардани хона бо қувваи барқ арзонтар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ буданаш, дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои  самарабахш ва мутақобилан судманди марбут ба захираҳои об, таҳияву татбиқи барномаҳои муштарак оид ба назорат, ҳифзи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар аҳамияти махсус медиҳад.

Бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар бисёр минтақаҳои кишвар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидаанд, ки нигоҳубини онҳо ба таври обмонии қатрагӣ сурат мегирад. Яъне ин иқдом ҳам аз истифодаи оқилонаи об дарак медиҳад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили осоиштагии мардум буда, барои зиндагии хубу осударо фароҳам овардан тадбирҳои зиёдеро ба амал бароварданд. Дар мулоқот ва вохӯриҳо бо сокинони ҷумҳурӣ аз урфу одатҳои номатлуб ва сарфу хароҷоти беҳуда дар тӯю маросимҳо мавқеи худро баён намуда, мардумро огоҳ намуданд, ки аз ин аъмоли зараровар худдорӣ кунанд ва пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шавад. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2007 бо мақсади беҳдошти ҳаёти мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» амалӣ гардид. Қонун маҷрои зиндагии мардумро дигар кард, дар тафаккури мардум тарзи солими рӯзгордорӣ, ободии оила ва ҳаёти осоиштаро ба вуҷуд овард.

Мутобиқи маълумоти комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 49 ҳазору 296 адад маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 185 миллиону 777 ҳазор сомониро ташкил дод. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули Қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории як маърака ба ҳисоби миёна 8 ҳазору 750 сомонӣ рост меомад. Барои баргузории 49 ҳазору 296 маърака беш аз 431 миллиону 340 ҳазор сомонӣ маблағ лозим буд. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 245 миллиону 562 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст.

Хотирнишон месозам, ки мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро на барои ҳавою ҳавас, балки маҳз ба хотири пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти миёншикан ва исрофкориву намоишкорӣ баъди мулоҳизаву муҳокимаҳои зиёд ва омӯзиши чандинсолаи афкори умум қабул кардаем.

Мо бояд фармудаҳои гузаштагони худро доир ба сарфаю сариштакорӣ, ки шарти муҳими зиндагии босаодати ҳар хонавода мебошад, ҳамеша риоя кунем, инчунин фаромӯш насозем, ки исрофкорӣ ҳам дар каломи Худованд — Қуръони карим ва ҳам дар ҳадисҳои Ҳазрати Расулу суханони саҳобаҳои киром маҳкум ва накӯҳиш шудааст.
Ҳамаи ин беҳбудиву пешравиҳо ба мардуми мо бо шарофати сулҳу суботи кишвар, ваҳдати миллӣ, инчунин риояи муқаррароти қонуни танзим муяссар шудаанд.

Мавҷуда Анварӣ

Октябрь 31, 2016 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд