70 % гардиши мол байни Тоҷикистону Русия ба ҳамкории байниминтақавӣ рост меояд

Октябрь 14, 2016 12:08

Душанбе, 14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Байни Тоҷикистону Русия беш аз 250 санади гуногуни ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки амалишаваии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст»,- чунин зикр шуд дар форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки 13 октябр бо ҳамраисии Маҳмадсаид Убайдулоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе доир гардид.
Зикр шуд, ки баргузории форуми байнипарлумонӣ ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ, байниминтақавӣ, байнипарлумонӣ ва гуманитарӣ, инчунин аз байн бардоштани баъзе монеъаҳое, ки ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия халал мерасонанд, нақши муносиб мегузорад. Дар форум муҳимтарин масоили тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илму маориф, фарҳанг, туризм, муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таҳлилу баррасии роҳбарони мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва ҳайати парлумонии Русия қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки алҳол 160 ширкати истеҳсолию хизматрасонии Русия дар бозори Тоҷикистон фаъолияти густурда дошта, 70%-и гардиши мол байни ду кишвар ба ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистону Русия рост меояд. Дар ин самт таъкид шуд, ки бобати тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байниминтақавии ҳар ду кишвар бояд фаъолияти институтҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистону Русияро ҷоннок гардонида, аз имконоти мавҷуда самаранок истифода кард.
Дар форуми байнипарлумонӣ ба масъалаи илму маориф, хусусан тақвияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, бо китобу дастурҳои дарсӣ таъмин намудани муасисаҳои таълимии Тоҷикистон, ки дар онҳо таълим ба забони русӣ сурат мегирад, диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон намояндагиҳои мактабҳои олӣ ва марказҳои илмию фарҳангии Русия фаъолияти пурсамар ва густурда доранд. Фаъолияти «Россотрудничество», Донишгоҳи славянии Русия -Тоҷикистон, намояндагии донишгоҳҳои бонуфуз- Донишгоҳи Ломоносови Маскав ва Донишгоҳи пӯлод ва хӯла мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Инчунин солона дар доираи ҳамкорӣ дар бахши маориф беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси бурсияҳои Федератсияи Русия барои таҳсил ба Русия мераванд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии олии Русия беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил доранд. Дар форум намояндагони Шӯрои Федератсияи Русия пешниҳод намуданд, ки дар оянда барои табодули таҷриба ва баланд бардоштани касбияти омӯзгорони фанни русии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шаванд. Инчунин муассисаҳои таълимӣ бо китобу дастурҳои таълимию методӣ таъмин гарданд.
Дар форуми байнипарлумонӣ доир ба масъалаҳои матраҳгардида ва ҳалли онҳо таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардида, тавсияҳои зарурӣ қабул шуданд. Дар фарҷом зикр шуд, ки форуми VI-уми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» соли оянда дар пойтахти Русия- шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Октябрь 14, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд