«Қабул ба сафи донишҷӯён ва супоридани калиди рамзӣ»- маҳфили фарҳангӣ дар ФДДМ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 26.10.2016 / АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 25 октябр дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангии «Қабул ба сафи донишҷӯён ва супоридани калиди рамзӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси якум иштирок намуда, донишу маҳорат ва ҳунари худро ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ ва устодон нишон доданд.
Тавре Робия Қурбонова, сардори шуъбаи тарбияи Филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе иброз дошт, барномаи анъанавӣ ва фарҳангии «Қабул ба сафи донишҷӯён ва супоридани калиди рамзӣ» ҳамасола дар Филиали Донишгоҳи мазкур доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории маҳфили мазкур- ин муттаҳид намудани донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






