Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 адад расидааст
Душанбе, 14.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромада, аз соли 2003 то имрӯз панҷ маротиба мулоқотҳои хоссаи Пешвои миллат бо онҳо баргузор гардид, ки аз мулоқот то мулоқот таҳовулоти нав дар рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Дар 25 соли истиқлолият бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд.
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз 1000 лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб гардид, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ ва инфрасохторӣ равона шудаанд. Ислоҳот ва тадбирҳои амалигашта имкон доданд, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 158 000-и соли 2007 ба 280 000 дар соли 2016 афзоиш ёбад». Ин нуктаро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 «Рушди истеҳсолоти миллӣ-имконияти нави сармоягузорӣ», ки дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкор баргузор гардид, таъкид намуд.
Ба маълумоти Сарвазири мамлакат, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 адад расидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ махсусан соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва таъминкунандаи пешрафти иқтисоди миллӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорон Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати мамлакат фаъолият менамояд, ки барои дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ шароит фароҳам овардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






