Ҷалби беш аз 67 миллион сомонӣ сармоя ба иқтисодиёти Хуҷанд
Хуҷанд, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ҳоло 168 коргоҳи хурду бузург фаъолият доранд, ки аз он 7 корхонаи саноатӣ ба коркарди нахи пахта машғуланд. Дар давраи 9 моҳи соли равон аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 1765,2 тонна нахи пахта коркард карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта ду маротиба зиёд аст.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамчунин дар ин давраи ҳисоботӣ шумораи коргоҳҳои саноатии шаҳр, ки маҳсулоташон ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот мешаванд, ба 18 адад расидааст. Аз оғози сол аз тарафи ин коргоҳҳо дар ҳаҷми 93700,2 сомонӣ маҳсулот содирот шудааст.
Дар давоми 9 моҳи соли равон ба иқтисодиёти шаҳри Хуҷанд зиёда аз 67,6 млн. сомонӣ ё 8674,3 ҳазор доллари амрикоӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 52,4 млн. сомонӣ зиёд мебошанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






