Ҳалокати чор нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

Октябрь 1, 2016 12:24

Душанбе, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябри соли равон тахминан соати 07:30 ронандаи мошини тамғаи «ГАЗ-2410», марди 52-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз маҳаллаи Чортут ба самти кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Дау-Ланос»,таҳти идораи ронанда, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири мошини «Дау-Ланос», зани 68-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошини мазкур зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ва ронандаи мошини тамғаи «ГАЗ-2410» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
30 сентябр тахминан соати 03:10 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳр ба самти кӯчаи Р.Ҳоҷиев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони мошини мазкур- як нафар мард ва як нафар зани 33-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дигар мусофирон- зани 24-сола ва марди 25-солаи сокининони ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Инчунин дар ин рӯз, тахминан соати 17:40 ронандаи мошини тамғаи «Матиз», марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Косибони ҷамоати деҳоти М. Турсунзода бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 8-солаи сокини ин ҷамоати деҳотро пахш намудааст.
Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 1, 2016 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст