Ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода мешавад

Октябрь 14, 2016 09:07

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд. Ҳайати расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иштирок дар ҷаласаи мазкур субҳи имрӯз вориди Душанбе шуда, давоми ду рӯз бо роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳолат, дурнамо ва роҳҳои тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор медиҳанд.
Оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти матбуотӣ барои расонаҳои иттилоотӣ дар назар дошта шудааст.

Октябрь 14, 2016 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид