Аз ҳавас то фоҷиа як қадам аст

Октябрь 25, 2016 12:09

Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандон ва донишҷӯёни донишкада доир гардид. Муовини  ректори донишкада Баҳриддин Ҷабборов  дар мавриди даст задани баъзе аз ҷавонону наврасон ба маводи нашъадор  гуфт, ки  истеъмоли маводи мухаддир оқибатҳои ниҳоят фоҷиабор дорад.
Сардори  Шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ташрифӣ баён дошт, ки  «даст задан ба қочоқи маводи мухаддир ва истеъмоли он мушкилоти ҷаҳонӣ буда, дар ин миён кишвари мо дар канор нест. Пойгоҳи асосии истеҳсоли маводи мухаддир кишвари ҳамсоя-Афғонистон буда, Тоҷикистон бо ин кишвар сарҳади тӯлонӣ дорад. Вобаста ба ин, паҳншавии ин мавод дар Тоҷикистон ҷой дорад. Ҷавонону наврасон  оқибатҳои нашъамандиро надониста, онро истемол мекунанд.  Ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ ва тарбия дар оилаҳои носолим боз як сабаби дигари гирифтор шудан ба ин вабо мебошад»,-илова намуд Алишер Ташрифӣ.
Озодамоҳ Абдуллоева, мутахассиси агентӣ ёдовар шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 7 194 нафар нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд, ки 184 нафараш занон мебошанд. «Бисёре аз ҷавонон аз рӯи ҳавою ҳавас ба ин кори номатлуб-нашъамандӣ даст зада, дарк намекунанд, ки аз ҳавас то фоҷиа як қадам аст. Бо вуҷуди он, ки шумораи нашъамандон сол ба сол дар ҷумҳурӣ кам мешавад, мо дар ин маврид ором буда наметавонем, зеро ин хатар дар ҳама ҳолат бо сабаби афзоиши шумораи қочоқчиён ва ҳамсарҳад будани Тоҷикистон бо Афғонистон метавонад алангаи дубора гирад«,-зикр намуд О. Абдуллоева.
Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, то барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои марбут ба нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

Октябрь 25, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад