Аз ҳавас то фоҷиа як қадам аст
Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандон ва донишҷӯёни донишкада доир гардид. Муовини ректори донишкада Баҳриддин Ҷабборов дар мавриди даст задани баъзе аз ҷавонону наврасон ба маводи нашъадор гуфт, ки истеъмоли маводи мухаддир оқибатҳои ниҳоят фоҷиабор дорад.
Сардори Шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ташрифӣ баён дошт, ки «даст задан ба қочоқи маводи мухаддир ва истеъмоли он мушкилоти ҷаҳонӣ буда, дар ин миён кишвари мо дар канор нест. Пойгоҳи асосии истеҳсоли маводи мухаддир кишвари ҳамсоя-Афғонистон буда, Тоҷикистон бо ин кишвар сарҳади тӯлонӣ дорад. Вобаста ба ин, паҳншавии ин мавод дар Тоҷикистон ҷой дорад. Ҷавонону наврасон оқибатҳои нашъамандиро надониста, онро истемол мекунанд. Ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ ва тарбия дар оилаҳои носолим боз як сабаби дигари гирифтор шудан ба ин вабо мебошад»,-илова намуд Алишер Ташрифӣ.
Озодамоҳ Абдуллоева, мутахассиси агентӣ ёдовар шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 7 194 нафар нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд, ки 184 нафараш занон мебошанд. «Бисёре аз ҷавонон аз рӯи ҳавою ҳавас ба ин кори номатлуб-нашъамандӣ даст зада, дарк намекунанд, ки аз ҳавас то фоҷиа як қадам аст. Бо вуҷуди он, ки шумораи нашъамандон сол ба сол дар ҷумҳурӣ кам мешавад, мо дар ин маврид ором буда наметавонем, зеро ин хатар дар ҳама ҳолат бо сабаби афзоиши шумораи қочоқчиён ва ҳамсарҳад будани Тоҷикистон бо Афғонистон метавонад алангаи дубора гирад«,-зикр намуд О. Абдуллоева.
Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, то барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои марбут ба нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар сафи пеш қарор дошта бошанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






