Аз духтарони босавод-ҷомеаву хона обод

Октябрь 14, 2016 09:47

Душанбе, 14.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иқдоми КВД «Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон» Рӯзи байналхалқии духтаракон таҳти унвони «Духтарони босавод- ҷомеаву хона обод!» таҷлил гардид.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ки «аз соли 2012-ум инҷониб 11 октябр дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи духтаракон таҷлил карда мешавад. Имрӯз ин маҳфил бо мақсади тарғибу таҳкими фарҳанги миллӣ ва дастгирии таҳсили духтаракон, ҳамзамон нигаронидани диққати ҷомеа ба зарурати ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи духтарони ноболиғ ва васеъ намудани имкониятҳои маърифатию ҷамъиятии онҳо доир гардид».
зикр кард, ки 19 декабри соли 2011 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 11 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтаракон эълон кард.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 14, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд