Ба истифода додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Муъминобод
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуданд.
Бино аз 3 ошиёна иборат буда, он бо маблағи 2 миллиону 154 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохтааст ва дар он барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати мамлакат сохта шудаасту имрӯз кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сабр” дар мудати якуним сол бо тарҳу услуби хос бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино 6 утоқи корӣ барои кормандон ва дар ошёнаҳои болои ҳамчунин шароити арзандаи истиқомат фароҳам оварда шуда, ба хотири таъмини шароити хуби зист манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Мӯъминобод ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳои 2 ва 3 ҳуҷрагиро супорид ва онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуданд.
Воқеъан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ шароити аразандаи корӣ ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.












Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






