Ба истифода додани варзишгоҳ ва майдони корти теннис дар ноҳияи Восеъ
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, нахуст дар маросими ба истифода додани варзишгоҳ ва майдони корти теннис иштирок намуданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгашта дар майдони корти теннис, ки бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд гардидааст, дидан карда, барои амалӣ кардани иқдоми мазкур ба ин соҳибкори ташаббускор арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар муҳлати кӯтоҳ бо харҷи 320 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар он барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Дар расми ба истифода додани варзишгоҳ барои 5 ҳазору 260 ҷойи нишаст ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ин иншооти муҳташами варзишӣ низ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ сохта шуда, барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналимлалӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон басо ҷойи мувофиқ мебошад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешаванд ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.
Ҳамин буд, ки дар рӯзи аввали ба истифода додани варзишгоҳ даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол «Туби чармин» миёни дастаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Фархор доир гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нахустин тамошобини ин чорабинии варзишӣ буданд.
Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида шудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро пеш аз ҳама барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзанда маънидод намуданд.
Зимни ифтитоҳи ин ду иншооти варзишӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳам варзишгоҳ ва ҳам майдони корти теннис беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.


















Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






