Баррасии ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба масъалаи «Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» пагоҳ, 14 октябр дар Душанбе баргузор мегардад.
Конфронсро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар доираи Барномаи «Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ёрии таъҷилӣ» доир менамояд.
Дар назар аст, ки дар кори конфронс мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар, инчунин намояндагон аз Олмон, Литва, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзанд.
Дар конфронс ҷанбаҳои ташкили ҳифзи саломатии модару кӯдак, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар ин самт, масъалаҳои ташхис ва табобати модару кӯдак пас аз таваллуд баррасӣ мешаванд.
Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба масъалаи «Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар кишварҳои Осиёии Марказӣ» дар Душанбе Плаза доир мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






