Дар Исфара муҷассамаи зардолу бунёд гардид
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Исфара, дар пешорӯйи маркази савдои «Пайванд» муҷассамаи зардолу бунёд гардид. Зардолуи мазкур ба хотири он ки манбаи асосии даромади сокинон, омили муҳими фаровонии дастархони мардум ва муаррифгари заҳмати мардуми Исфара дар миқёси ҷумҳуриву минтақа ва ҳатто ҷаҳон маҳсуб мешавад, гузошта шуд.
Баландии муҷассама дар Исфара 5 метру 70 сантиметр буда, паҳноияш баробари 4 метр аст. Муаллиф ва бунёдгари ин нигораи нодир ҳунарманди маҳаллӣ Саидxон Муҳаммадиев мебошад, ки ба чунин кор қаблан дар Русияву Аморати Муттаҳидаи Араб машғул шудааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, майдони умумии боғ дар Исфара ба 12 ҳазору 258 гектар баробар аст, ки аз он 10 ҳазору 600 гектарашро боғоти зардолу ташкил медиҳанд ва ин ҷо зиёда аз 21 навъи зардолу парвариш карда мешаванд. Зардолуҳои шаҳдрези Исфара аз рўи қанднокӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ босифаттарин ба ҳисоб мераванд.
Бояд зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли 2016 аз Исфара ба хориҷи кишвар 13 ҳазору 267 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз он беш аз 12 ҳазор тоннаашро меваи хушк ташкил медиҳад. Содирот асосан ба Русия (70%), Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ (20%), Аврупо ва Амрико(10%) сурат гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






