Дар Хуҷанд ғолиби озмуни шаҳрии «Омӯзгори сол-2016» муайян гашт
Хуҷанд. 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол-2016» ҷамъбаст гардид. Аз 150 нафар иштирокчии даври ибтидоии озмун, ба даври ниҳоӣ танҳо 3 нафар беҳтаринҳо-Наима Раҳматова, Санавбар Назарова ва Машҳура Қодирова роҳхат гирифтанд. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, озмун аз рӯи шартҳои зерин-муаррифии машғулиятҳои амалӣ ва методикаи таълим, пурсиш оид ба санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва фанҳои таълимӣ ҷараён гирифта, дар анҷом ҳайати ҳакамон ба фаъолияти ҳар як довталаб баҳои арзанда гузоштанд.
Аз рӯи ҷамъбасти холҳои гирифта омӯзгори фанни химияи мактаби №20 маркази вилоят Наима Раҳматова сазовори мақоми аввал ва ғолиби озмуни «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Хуҷанд дониста шуд.
Ҳакамон ба иштирокчиён ва ғолиби озмун дар вазъияти тантанавӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






