Дар вилояти Суғд Рӯзи нобиноён ҷашн гирифта мешавад
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи нобиноён ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи қарори раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон бо истифода аз имконоти мавҷуда бояд нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд.
Ҳачунин шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор гардидааст, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳои аёдати маъюбони гурӯҳи 1 аз рӯи нобиноӣ ва дастгирии моддии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи шуъба дар соли равон 295 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо намояд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






