Доруҳои истеҳсоли Қазоқистон ба намоиш гузошта мешаванд

Октябрь 11, 2016 09:42

Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябри соли 2016 соати 10:00 дар меҳмонхонаи HYATT REGENCY DUSHANBE Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш маҳсулоти хӯрокӣ, масолеҳи сохтмонӣ, мошинсозӣ, металлургӣ, кимиёвӣ ва дорувории истеҳсоли Қазоқистон ба маъраз гузошта мешавад.
Ҳамоишро Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармояи «KAZNEX INVEST»-и Ҷумҳурии Қазоқистон якҷоя бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудаанд.

Октябрь 11, 2016 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад