Фалак садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забону аз дил ба дил то ба имрӯз расидааст
Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16-уми ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият дорад. Аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайгиронаи ҳукумати кишвар барои эҳёи суннатҳои миллӣ қабули як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвият ва густариши фарҳанги миллӣ дар тӯли асрҳо баҳри имрӯзу фардо заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ин замина бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми августи соли 2007 бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр Рӯзи Фалак эълон гардида, он ҳамасола дар тамоми кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли «Фалак» таъсис гардид.
Ногуфта намонад, ки баргузории чандин нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанри махсуси фолклорӣ дар бахши махсус мавриди назар қарор дода шуда, дар таҳким ва рушди Фалак нақши бориз доранд.
Мусиқии касбии суннатии мардуми тоҷик таърихи бою рангин дошта, решаҳои он ба умқи қарнҳо мерасанд. Он андӯҳу армон ва шодию сурури халқро инъикос менамояд. Бо такя ба афкори илмии ниёгон ва гуфтаҳои мусиқидонони имрӯзаи тоҷик хулоса кардан мумкин аст, ки мусиқии мардуми тоҷик аз мусиқии халқӣ (фолклорӣ), мусиқии касбӣ – мардумӣ (Фалак), мусиқии касбӣ – классикӣ (Шашмақом) ва мусиқии муосири тоҷик (касбӣ-композиторӣ, мардумӣ, эҷодиёти ҳунармандони замони мо, эстрадӣ ва ғайра) иборат аст.
Дар ин миён Фалак мавқеи муҳим дорад. Мувофиқи нигоштаҳои як идда мусиқишиносон пайдоиши Фалак ба асрҳои IX-X рост меояд. Лекин ба пиндори мо, ташаккули Фалак аз ин ҳам пештар сурат гирифтааст, зеро манбаъҳои ин мусиқии мардумӣ хеле қадимтаранд. Дар Фалак, асосан, дубайтӣ, ё рубоие интихоб мегардид, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад ва нолаи пурсӯзи хокиёнро ба осмонҳо барад.
Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳии ҳирфаӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забону аз дил ба дил ба тарзи мактаби устод – шогирд то ба имрӯз расидааст. Фалак асосан, аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроро дорост: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ. Аз рӯи силсилабандӣ ҳар ду бахш аз се қисм иборатанд: даштӣ, роғӣ ва уфар. Ин қисмҳо дар ҳафт зина танзим ва иҷро мешаванд: фироқ, нола, ҳиҷрон, фарёд, фиғон, роз ва чарх.
Аз рӯи анъана, Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбра), ғиҷҷак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ бо ҳамовозии дафу таблак иҷро мекунанд. Жанри Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон маъмул аст. Имрӯзҳо ба ҳайси матни Фалак ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмун низ истифода карда мешаванд.
Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд, ки боке надорад. Инчунин Фалак мардона ва занона мешавад. Ҳунарманди шинохта Давлатманди Хол намуди дигари фалак – «фалаки бунгак»-ро, ки дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад, нишон додааст. Ин намуди фалак ба андешаи овозхони маъруф «бениҳоят аламнок, бо сӯзу гудоз иҷро карда мешавад». Ҳамчунин ӯ меафзояд, ки «фалаки бунгакӣ яке аз нахустин ифодаи ин жанр аст, яъне шакли қадимтарини фалак аст ва дар пайдоиш ва ташаккули дигар намудҳои фалак нақши муассир дорад».
Ин намуди фалак ба тариқи димоғ иҷро мешавад. Гоҳо онро «фалаки димоғӣ» низ мегӯянд. Тавре ки Давлатманди Хол иброз медорад: «Усулан фалак яктост. Он тақсимнашаванда аст ва рукнҳои фалак дар мусиқии мардуми олам мушоҳида мешаванд. Дар кӯҳистони тоҷик рукнҳои зиёди онро, ба монанди фалаки даштӣ, фалаки кӯҳӣ, фалаки роғӣ, фалаки шод, фалаки шикаста, фалаки сарбаста, фалаки паррон, фалаки омехта, фалаки яклухт, фалаки якпардагӣ ном мегиранд. Барои адворбандӣ ё нотабандии фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд». Ӯ меафзояд, ки 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст, ки ин ишорот бояд аз тарафи Конуни байналмилалии мусиқашиносон қабул гарданд.
Оҳангсози маъруф Хайрулло Абдуллоев дар мақолаи худ «Андешаҳо оид ба фалак» доир ба истилоҳҳои фалак навиштааст: «Фалаки озодро, ки солҳои охир «фалаки даштӣ» меноманд, ба фикри ман нодуруст аст. Истилоҳи «даштӣ» дар мусиқии Эрон истифода мешавад. Шояд дар Эрон ин калима мувофиқат кунад, вале дар Тоҷикистони мо, ки саросар кӯҳсор аст, чунин истилоҳ мувофиқат намекунад. Ба ҷои «даштӣ» калимаи «озод» ва ё «шаҳдӣ» истифода шавад, шояд дурусттар аст».
Ба ақидаи донанда ва хонандаи машҳури Фалак Давлатманди Хол намуди дигари иҷрои Фалак дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад. Ин намудро фалаки бунгак меноманд. Онро ҳам мардон мехонанду ҳам занон. Фалаки бунгак бениҳоят аламнок, бо сӯзу гудоз иҷро карда мешавад. Дар байни фалаксароён чунин ақида ҷой дорад, ки шакли фалаки бунгак яке аз нахустин ифодаи ин жанр аст, яъне шакли қадимтарини Фалак аст ва дар пайдоиш ва ташаккули шаклҳои дигари он нақши муассир дорад. Баъзан ин шакли фалакро фалаки димоғӣ низ гӯянд.
Ҳангоми таҳлилу баррасӣ бояд фаромӯш насозем, ки Фалак, пеш аз ҳама, жанри мусиқист ва дар омӯзиши он аз ҷониби як идда олимону муҳақиқони тоҷик корҳои хубе ба сомон расидаанд. Лекин аксар маврид тавассути матбуоти даврӣ ва радиову телевизион баъзе таҳлилгарон ва ҳатто иҷрокунандагони сурудҳои фалакӣ бештар ба таҳлили рубоӣ ва мазмуни матн саргарм мешаванд ва мусиқии Фалак як тараф мемонад.
Фалак – жанри озод ва аз ҳар гуна қолибҳо орист, зода ва ифодагари рӯҳи озодихоҳи инсонист, ки мехоҳад қафаси баданро пора сохта, ба асли хеш бипайвандад. Вай ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахс маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.
Бояд бигӯем, ки бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии Фалак ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол ин ҷашн бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил гардида, аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто берун аз он ҳунармандон гирд омада, ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.
Шарифхон Тиллоев, рўзноманигор