Фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016 натиҷагирӣ карда шуд

Октябрь 13, 2016 10:25

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябри соли 2016  таҳти роҳбарии Қосим Роҳбар, раиси  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, Шуъбаи истифодабарии хоҷагии манзилию коммуналӣ, гармидиҳӣ ва механикии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода,  Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода» ҷаласаи ҳайати мушовара доир  гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои таҳлили ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода», ҳамчунин ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита  барои давраи то моҳи январи соли 2017 баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумита нисбат ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои зеринро муҳим арзёбӣ намуд:

дуруст ба роҳ мондани масъалаи нархгузорӣ ва маблағгузорӣ, аз ҷумла низоми нархгузорӣ, пӯшонидани қарзҳо аз рӯи муҳлати муқарраршудаи бонк, амортизатсия, ҷамъоварӣ ва азхудкунии маблағҳо ва ғайра.

Дар раванди ҳалли масъалаҳои мазкур Қосим Роҳбар мавқеи Кумитаро дар доираи вазифаҳои низомномавӣ возеҳ шарҳ дода, иброз дошт, ки пешниҳоду таклифҳо ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба рушди инноватсионӣ,  технологияи пешқадам, бахши манзилию коммуналӣ дар маҳал, соҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи татбиқи мақсад ва вазифаҳои стратегии рушди маҳал, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, нобудкунии партовҳо, таҳия намудани тавсияҳо ҷиҳати фаъол гардонидани меъёри иқтисодии минтақаҳо, ҷалби дороиҳо ва захираҳои мавҷуда, коркарди дуюмдараҷа роҳандозӣ шаванд.

Қосим Роҳбар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016–ро муҳокима намуда, вобаста ба вазифаҳои минбаъда ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита дастуру супоришҳо дод.

 

 

Октябрь 13, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад