Хадамоти муҳоҷират: 2066 нафар шаҳрвандони кишвар, ки воридшавиашон ба қаламрави ФР манъ аст, бо кори доимӣ таъмин гардиданд
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамарӯза ба Хадамоти муҳоҷират аз 250 то 300 нафар шаҳрвандони кишвар барои гузаронидани санҷиши шиносномаҳои хориҷӣ аз рӯйхати мамнуъшудагон муроҷиат менамоянд»,-иброз дошт Муқим Ниёзов, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар нуҳ моҳи соли равон.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират — ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2066 нафар шаҳрвандони кишварро, ки воридшавиашон ба қаламрави Русия муваққатан манъ аст, дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин намуданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






