Хуҷанд: Фестивали «Оши палав» оғоз шуд
Хуҷанд, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 октябр соати 16.00 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палав» оғоз шуд. Фестивал бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи қарори Раиси вилояти Суғд дар маркази маъмурии шимоли кишвар- шаҳри Хуҷанд бори дуввум аст, ки доир мегардад. Тавре аз суҳбат бо чанде аз иштирокчиёни Фестивали «Оши палав» аён гардид, ошпазони моҳир, ки аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доранд, омодаанд баҳри меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллиро, аз қабили «Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Бедона палав», «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазии гӯшти гӯсола», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона», «Оши палав бо биринҷи девзираи Панҷакент», «Оши палав бо гӯшти кабк», «Оши палав бо гӯшти мурғи марҷон»-ро омода ва пешниҳод намоянд. Ҳамзамон дар инъикоси ҷараёни баргузории Фестивал наздик ба 50 нафар хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ширкат доранд.
Ба иттилои муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, мақсад аз баргузории Фестивали мазкур- пеш аз ҳама, ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё, рушди анъана ва суннатҳои мардумии маҳалҳои гуногуни кишвар, аз қабили тайёрнамоӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ, аз ҷумла «Оши палав», ки хӯроки қадимии тоҷикон мебошад, ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар озмуни имсола се номгӯи нав — бахшҳои саҳнача, намоиши фарҳангӣ ва оростани дастархони миллӣ ҳамроҳ карда шуда, дар ин рӯз дар ҷараёни фестивал дар умум 36 дег гузошта шуда, ошпазони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Истаравшан муаззаф гардидаанд, то дар алоҳидагӣ аз 30 килоӣ биринҷ оши палав омода намуда, онро наздик ба 1,5 ҳазор нафар камбизоат таксим намоянд.
Дар ҷамъбаст барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо ба маблағи аз 1000 то 5000 сомонӣ тақдим карда мешаванд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






