Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Муъминобод

Октябрь 3, 2016 10:15

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Қасри фарҳанги ноҳия оғоз бахшиданд. Дар саҳни Қасри фарҳанг Пешвои миллатро аҳли ҳунару санъат бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, сохтмони он ҳанӯз моҳи августи соли 2008 оғоз ёфта буд. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи ичроияи Президенти Чумҳурии Точикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои «Синдбод сохтмон», «Самар СН» ва «Меъмор 7» ба анҷом расониданд.

Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар бинои мазкур ошноӣ пайдо карда,ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар масоҳати 1874,06 метри мураббаъ ҷойгир буда, бо сабку услуби муосири меъморӣ қомат афрохтааст. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 9 миллиону 755 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, толори калони намоишии он барои 350 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ин бино ҳамчунин 21 ҳуҷра, 1 меҳмонхона, 1 айвон ва 1 синфхонаи рақс ҷойгир буда, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Аҳли ҳунару фарҳанг ба Пешвои миллат барои чунин як туҳфаи арзанда ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд. Зеро то ин дам дар маркази ноҳия барои гузаронидани ҷамъомаду чорабинӣ ва ҳар гуна маҳфилҳои фарҳангӣ шароити зарурӣ фароҳам набуд. Акнун бо ифтитоҳи Қасри фарҳанг ин мушкилӣ ҳалли пурраи худро пайдо намуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҳунару фарҳанги ноҳияро вазифадор намуданд, ки дар рушду нумуи санъати асил ва фарҳанги волои миллӣ талоши бештар намуда, пайваста дар роҳи эҷоду тақвият додани маҳорати касбӣ бошанд.

Октябрь 3, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд