Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 дар ноҳияи Восеъ

Октябрь 3, 2016 14:10

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи нави таълимӣ моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд, ки дар маҷмуъ арзиши лоиҳа беш аз 2 миллиону 973 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 — и деҳаи Меҳнатобод аз ду ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва ҳудуди умумии мактаб 2 гектарро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмониро дар ин иншоот коргарону мутахассисони ҶДММ «Ниагара-А» дар асоси лоиҳаи пешбинишуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Дар ду ошёнаи мактаби мазкур 13 синфхонаи барҳавои фаннӣ, аз ҷумлаи химия, физика, математика, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон мавҷуд аст.

Тавре аён гардид, ҳамаи синфхонаҳои ин мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электорӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз карда шуда, ҳамчунин дорои ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Аз ҷумла дар ин ҷо барои таъмини мактаб бо гармӣ як буғхона, ки бо истифода аз ангишт фаъолият хоҳад кард, сохта шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар синфхонаҳои барҳавои мактаби мазкур бо таълимгирандагон суҳбати самимӣ доир карда, ифтитоҳи мактаби навро дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон, созандагони фардои кишвар муборакбод гуфтанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхуд кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд, зеро ба андешаи Пешвои миллат донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст.

Ҳамчунин хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар бораи шароити замонавии таҳсил, ки бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат барои фарзандон ва наврасону ҷавонони деҳаи Меҳнатобод муҳайё шудааст, сухан карда, ба Сардори давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Муассисаи мазкур бо назардошти ояндабинӣ таҳия гардида, оянда дар ин ҷо се бинои дигар, иборат аз толори варзишӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва 8 синфхона сохта мешавад, ки имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди иншооти иловагӣ расман оғоз бахшиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 1998 бо сабаби баланд шудани оби дарёи Ёхсӯ ва омадни сел бинои пешинаи мактаби рақами 51 пурра хароб гардид ва солҳои зиёд хонандагон дар шароити наонқадар хуб, таҳсил доштанд.

Дар замони истиқлолият бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани мактаби нав боиси шодию нишоти омӯзгорон ва хонандагон гардид.

Октябрь 3, 2016 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд