Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва дар кӯҳҳо барф дар назар аст

Октябрь 25, 2016 09:54

Душанбе, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 19 дараҷа гарм мешавад.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд, имрӯз дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Xатлон низ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа гарм ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Октябрь 25, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд