Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Октябрь 14, 2016 20:21

Душанбе, 14.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нахуст дар мулоқоти хосаи роҳбарони ҳайатҳо ва сипас дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Нишасти навбатӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзои СААД Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев баргузор шуд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷумла масоили марбут ба Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ барои то соли 2025 ва тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди терроризм мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати муборизаи муштараку беамонро бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизму зӯроварӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуда таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, махсусан вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ҷалб сохтанд.

Бо таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон боиси афзоиши хатару таҳдидҳои муосир гардида амнияту суботи минтақаро халалдор менамояд.

Зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳонро махсус таъкид намуда Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ягонаи худ дар сафи пеши ин мубориза қарор дорад ва дар ин самт аз мувофиқаҳои дар доираи СААД ба даст омада ҷонибдорӣ менамояд.

Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Изҳороти муштараки Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қабул шуда як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.

Октябрь 14, 2016 20:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд