«Истиқлол» дар даври шонздаҳум дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро шикаст дод
Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври шонздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро Санҷар Баротов, легионери ӯзбекистонӣ дар дақиқаи 38-ум ба дарвозаи мизбонон зад. Дар нимаи дувуми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дэвид Мавутор се гол ба ҳадаф расонда, ба «Истиқлол» се имтиёз оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо 39 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ садрнишин аст. Дар бозиҳои дигар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонд.
Бояд зикр кард, ки дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки бо 28 имтиёз дар ҷойи дувум аст, барои медалҳои нуқра талабгори асосист. Се даста- «Регар-ТадАЗ», ССКА «Помир» ва «Барқчӣ», ки мутаносибан дар зинаҳои севум, чорум ва панҷуми ҷадвал ҷойгир шудаанд, барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза мебаранд.








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






