Кӯлоб: Роҳандозии хизматрасонӣ ба беморон бо дастгоҳҳои замонавӣ
Кӯлоб, 01.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Беморхонаи вилоятии рақами 2-и шаҳри Кӯлоб бо табибони пуртаҷриба ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст. Тавре Давлаталӣ Атоев, сардухтури беморхона иттилоъ дод, беморхонаи вилоятии рақами 2 аз муассисаҳои калонтарини тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ба шумор рафта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ таъмин карда мешавад.
Дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ чанд сол қабл ба беморхона оварда шуда буд ва то имрӯз садҳо нафар беморон ба воситаи он табобат гирифтаанд. Дастгоҳи дигари тиббӣ литотриптор ном дошта, имкон медиҳад, ки сангҳои пешобдону гурда бе амалиёти ҷарроҳӣ майда карда, гирифта шаванд. Барои бо ин дастгоҳ табобат намудани беморон чанд нафар табиб дар шаҳри Душанбе ва хориҷи кишвар дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил карданд. Дар беморхона барои табобати беморон аз ин дастгоҳ васеъ истифода мебаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






