«Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ»- конфронси байналмилалӣ дар Суғд
Душанбе, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25-30-юми октябри соли равон бо дастгирии роҳбарияти вилояти Суғд конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» баргузор мегардад. Дар доираи конфронси мазкур, ки бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ доир мешавад, баргузории суҳбату мулоқот бо аҳли адаб дар назар аст. Иштирокдорон –меҳмонони конфронс ҳамчунин аз ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, аз ҷумла оромгоҳ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояи Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






