Маҳмадалӣ Раҷабиён ва Шефиқ Вурал Алтай ташкили тамосҳо ва ташрифҳои дуҷонибаро мавриди назар қарор доданд
Душанбе, 17.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли 2016 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо мудири Сарраёсати кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупои Шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Шефиқ Вурал Алтай баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инчунин ташкил кардани тамосҳо ва ташрифҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи равобити сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати баррасии минбаъдаи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, Шӯрои ҳамкорӣ, машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дигар абзорҳои ҳамоҳангии масоили мавҷудаи ду кишвар баён намудаанд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






