«Мактаби бузурги одамиятро боқӣ гузошт» — шарҳи матбуот
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Донишманду табиб ва табиатшиноси барҷаста Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз зумраи он нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Асарҳои тиббии ӯ «Ал-ҳовӣ», «Тибби Мансурӣ» мисли «Ал-қонун»-и Абӯалӣ ибни Сино асрҳо дастури табибони Шарқу Ғарб буданд», — омадааст дар мақолаи «Закариёи Розӣ, шинохти шахсият ва осори ӯ дар Тоҷикистон», ки дар саҳифаи аввали нашрияи расмии «Ҷумҳурият» таҳти рақами 211 аз 24.10.2016 сол чоп шудааст.
Қобили зикр аст, ки имсол бо қарори махсуси Ҳукумати мамлакат 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Тибқи қарори мазкур имсол ҳамчунин 1250-солагии мутафаккири тоҷик Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн, машҳур ба номи Ҳаким Тирмизӣ ва 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик Ғаффор Валаматзода таҷлил мешаванд. Аз ҷумла, дар Академияи илмҳои мамлакат 19 октябр Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуда буд.
Мақолаи «Ҳадафҳои муғризона ё САҲА аз мухолифони тоҷик чӣ мехост?» аз номи устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон навишта шуда, дар он чунин дарҷ гардидааст: «Пас аз бартараф кардани ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар кишвар рухдода, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян шуд, ки мақсади асосии фаъолияти ин ҳизб (созмони террористии ҲНИТ дар назар дошта шудааст – муаллиф) на хизмат ба дину диёнат, миллату давлат ва пос доштани арзишҳои миллӣ, балки сарнагун ва тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдор намудани амният ва хизмат ба хоҷагони хориҷӣ мебошад».
Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш зимни ҷаласаи САҲА дар Варшава як гурӯҳ ҷонибдорони созмони террористии ҲНИТ ба толор ворид шуда, ба фаъолияти намояндагони расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур монеъ шуда буданд. Ин рафтори берун аз муқаррарот боиси эътироз ва хашму ғазаби ҷомеаи маданиву фарҳангӣ ва доираҳои сиёсии Тоҷикистон гардид.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (25.10.2016,№212) суханони зерини Сафимуҳаммади Умар – волии вилояти Қундузи Афғонистони ҳамсоя чоп шудаанд: «Вақте ки ба Тоҷикистон ворид мегардам, пеш аз ҳама, аз ободиву пешрафти воқеии он, меҳмоннавозию пазироии мардуми тоҷик ва сокинони пойтахт хушҳол мешавам. Дар тамоми гӯшаю канор хурсандию сурур, дар чеҳраи мардум хушҳолию фараҳро бармало эҳсос менамоям. Ростӣ, ман то андозае ба шумо тоҷикон ҳасад мебарам, ки тавонистед дар қиёс ба кишвари мо, ки айнан ҳамин замину обу ҳаворо дорост, фарсахҳо пеш равед».
Мақолаи «Пешвои миллат ва нигоҳи дигар ба шинохти мақоми таърихии забони тоҷикӣ», ки дар шумораи дирӯзаи «Ҷумҳурият» (26.10.2016, №213) пешкаши хонандагон шудааст, аз муҳтаво ва мундариҷаи рисолаи Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ҳамчун идомаи мантиқии ҷусторҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи комилан нави таърихӣ муаррифӣ шудааст, нақл мекунад. «Ба эътибор гирифтани даврабандии таърихӣ, густариш, хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ, намунаҳои хат, замони пайдоиш, вижагиҳо, замина ва омилҳои ташаккули он боиси мушаххас баён шудани қаламрави пурвусъати забони тоҷикӣ дар тӯли ҳастии чандинҳазорсолаи он гардидааст», — омадааст дар мақолаи мазкур.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (25.10.2016, № 133) аз ҷаласи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 24-уми октябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуда буд, гузориши муфассал чоп кардааст. Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаҳои як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ва лоиҳаи дигар қонунҳо аз тарафи раисони кумитаҳо Э.Насриддинзода, Ш.Раҳимзода ва Ҷ.Маҷидзода шарҳу тафсир дода шудаанд.
Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мақолаҳои «Муҳимтарин ҷашни сол», «Мактаб – ояндасози ҳар як фард», «Квотаи Президентӣ: мушкилот бояд ҳал гардад», «Зимистон дар мекӯбад», «Ду нашри як китоб» ва дигар хабару гузоришҳоро аз соҳаи маорифи кишвар пешкаши хонандагони худ кардааст.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои нави Ҳақназар Ғоиб, дар саҳифаи наср ҳикояи А.Мӯсоев «Голи беҳтарин», дар бахши пажӯҳиш навиштаи Гулнисо Муҳаммадӣ «Ишқ аз манзараи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ» ва дар бахши адабиёти ҷаҳон намунаи осори адиби Чин Ба Сзин «Мона Лиза»-ро дар тарҷумаи Абдуғаффори Абдуҷаббор дарҷ кардааст.
«Тиҷорати фиреб» — бо ҳамин сарлавҳа ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи худро бо соҳибкор, намояндаи ширкати «Группа Восток» Пайшанбе Алиназаров, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Соҳибкор-2016» рӯзҳои 8-14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, чоп кардааст. Мусоҳиб оид ба фаъолияти Зайд Саидов чунин гуфтааст: «Мо се нафар бо 1 милллион доллари ИМА ба назди Зайд Саидов рафтем. Зайд Саидов ба муҳри бонкӣ бовар накарда, ҳар як бастаи пулро бо дандонаш кушода, шумурда, 700 ҳазорашро гирифт…
Ба онҳое, ки Зайд Саидовро соҳибкори ҳалолкор мегӯянд, хотиррасон мекунем, ки дар маҷмӯъ аз 1 миёнаравӣ 1 миллион доллари ИМА пули «ҳалол» ба кисаи Зайд Саидов ворид шуд. Баъдтар ҳангоми талаби боқимонда 500 ҳазор доллари ИМА аз сафорати Эрон маълум шуд, ки ин маблағро писари Зайд Саидов Хайрулло Саидов бо забонхат аллакай гирифтааст…».
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаи омӯзгор Мӯъмин Ҷумъаевро бо сарлавҳаи «Сармеъмори давлат» чоп кардааст. Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрия мақолаҳои «Ҷаҳонишавӣ ва ҳуввияти фарҳангӣ», «Пахтачинӣ, ё чӣ тавр дар аҳди шӯравӣ кӯдаконро бо меҳнат «тарбия» мекарданд», «Нома ё хати ғуломӣ?» ва ёдномаи Раёсати КИМ ҲХДТ вобаста ба талафоти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – марги нобаҳангоми Сафар Сафаров бо номи «Мактаби бузурги одамиятро боқӣ гузошт» дарҷ гардидааст.