Мамлакат Атоева: Як рукни давлатдорӣ-ин тоза нигоҳ доштани забони модарӣ мебошад

Октябрь 5, 2016 16:05

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ – забони миллати бостонии тоҷик буда, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои мутараққии ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин забон тамоми равандҳо ва натиҷаҳои фаъолияти маърифатии соҳибони хеш, таъриху фарҳанг ва тамаддуни онҳоро дар худ таҷассум намудааст. Вожаҳои ин забон ба сифати асоси низоми луғавӣ ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар алоқамандӣ бо ҳамдигар мафҳумҳо ва арзишҳои фарҳангию таърихиро, ки дар тӯли қарнҳо андӯхта шудаанд, ба наслҳои баъдӣ интиқол додаанд. Маҳз интиқоли таҷриба ва донишҳои ниёгон ба воситаи забон ба рушду такомули ҷомеа, ташкили минбаъдаи истеҳсолот, инкишофи илму фарҳанг ва маориф мусоидат кардааст.

Академик М. Шукуров дуруст зикр намудааст: «….бунёди хастии маънавии инсон забони модарист. Забони модарӣ, он чи бо шири модар омадааст, табиияти асили инсонро таъмин мекунад. Илму фарҳанг ва маънавияти асил он аст, ки аз ҳамин чашмаи табиияту асолат парвариш ёфта бошад».

Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳоло даврае фаро расидааст, ки дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиш ба хотири эҳёи воқеии арзишҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, мунтазам ва ҷиддӣ кору фаъолият кардан зарур аст» мардуми тоҷикро ба қуллаҳои баланди меҳнат роҳнамоӣ менамоянд. Мо устодон дар фазои сулҳу Ваҳдати комил баҳри тарбияи насли ояндаи Тоҷикистон фаъолият бурда истодаем. Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии Тоҷикистони нотакрори азизамон роҳи моро   ба сӯи фарҳанги миллӣ ҳамвор намуд. Мо бояд қадри забони модарӣ, таърих ва санъати миллиро хуб донем. Ин неъматҳои маънавиро барои ояндагон бо ҳамон шукӯҳу шаҳомат ва арзишмандӣ боқӣ гузорем.

Мо ҳоло самараи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ба чашми ақлу дил равшан дида истодаем. Ёдовар шуданием, ки бо кӯшишу маром, ҷонбозиҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба даст омад. Ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии халқ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. Ва хоҳонем, ки дар сарзамини кӯчакамон сулҳу салоҳ, осмони софи беғубор ҳамеша боқӣ бошад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ташаккулу таҳаввули  забони миллӣ аз тарафи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чораву тадбирҳои назаррас ба анҷом расида, пайваста дар вохӯриҳо бо зиёиёни кишвар, ҷавонони лаёқатманд, таҷлили Рӯзи забон, ҷашну маросимҳои миллӣ, дар арҷгузории забони модарӣ, риояи имло ва фасоҳати забон дар ин маврид ҳарф мезананд.

Аз ҷумла, дар таҷлили Рӯзи забон чунин таъкид намуданд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул меёбад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокинони кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад».

Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ бо зиёиёни тоҷик, ки қариб ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз ба вуқӯъ мепайвандад, ҳамчунин масъалаҳои умдаи забонро дар бар мегирад: «… мо пеш аз ҳама барои рушди солими забони давлатӣ тамоми тадбирҳоро меандешем». Сарвари давлат ташаккули фарҳанги миллӣ, аҳамияти қабули Қонуни забонро манбаи муҳим баҳри густариши забони миллӣ ҳисобида афзудааст: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман, аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт».

Инчунин дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар таъкид шудааст: «…Ба масъалаи забон ва паҳлӯҳои мухталифи он муфассал таваққуф кардани ман бесабаб нест, зеро забон калиди дониш ва маърифат аст». Аз ҷумла, дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих». Китоби сеюм. «Аз Ориён то Сомониён» зикр менамояд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст».

Барои ҷумҳурии мустақилу демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон забономӯзии ҳамаи аъзои ҷамъият, аз ҷумла ҷавонон масъалаи муҳими иҷтимоию сиёсӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар сатҳи баланд омӯхтани забон омили муҳими устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум маҳсуб мешавад.

Ҳама гуна мушкилот ба ҷавонон вобастагии мустаҳкам дорад. Бинобар ин, имрӯз ҷавонон бояд дар баробари дорои фазилатҳои беҳтарини инсонӣ, маърифатнокӣ, тафаккури баланди умумибашарӣ, соҳиби ахлоқи ҳамида будан, дастовардҳои илм, маданият, таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва ҷаҳониро аз худ намудан, тавонанд тавассути забондонӣ фарҳанги моро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд ва аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ бохабар бошанд, дорои шуури сиёсӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошанд.

Муҳимтарин ҳадафҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷавонон — ин тарбияи ифтихори миллӣ ва худшиносию ваҳдати миллӣ мебошад. Истиқлолият ва Ваҳдат илҳоме илқо намуданд, ки дар бораи гузашта, имрӯза ва фардои нек андеша кунем, неку бадро шиносем, то нуқсонҳоро бартараф намоем. Агар ба гузаштаи дури худ назар афканем, дарк мекунем, ки ниёгонамон аз миёни талошҳои бардавом забону адабиёт ва маърифату маънавиётро ҳифз намуда, то ба мо расонидаанд. Вазифаи ифтихории тамоми ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон он аст, ки ин силсилаи гаронбаҳо канда нашавад ва ба дасти насли оянда мерос бимонад. Тавре Сарвари давлатамон таъкид намудаанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» ва «Забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат аст. Пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат мебошад».

Баъди ба тасвиб расидани ин ду санади муҳими давлатӣ-Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ,  барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам гардид. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ ва ҳисобдорӣ истифода шудааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили  тасаввур буд. Инчунин Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон сиёсати забонии худро тавре ба роҳ мондааст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, яъне англисӣ, русӣ ва ғайра бояд ба воситаи забони давлатӣ сурат гирад. Ин нукта дар суханрониҳои Президенти кишвар низ борҳо таъкид шудааст.

Дар ҳама давру замон забон ба ҳайси шиноснома ва яке аз рукнҳои воқеан ҳам муҳим дар шинохти миллат ва давлатдорӣ ҳамчун меъёр хизмат менамояд. Аз ин ҷост, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва Ваҳдати миллӣ  баҳри рушду такомул ва пешрафти забони тоҷикӣ, шароити нави таърихӣ ва рушду нумӯи босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки халқу миллат ва давлатҳо бо воситаҳо ва омилҳои маъмулу пазируфташуда – забон, мерос ва ҳуввият солати миллати худро ҳифз намуда, инкишофи онҳоро таъмин намоянд. Забони ҳар як халқ, аз ҷумла миллати тоҷик баёнгари  нияту ормон, орзую омол, ақида ва мақсаду мароми фарзандони он ба ҳисоб меравад. Эҳтиром, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани забони модарии мо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Барои ҳар як фарди ҷомеа хуб донистану риоя намудани қонуниятҳои забон аҳамияти бағоят калон дорад. Маълум аст, ки як рукни нишонаи давлатдорӣ-ин тоза нигоҳ доштани забони модарӣ – забони тоҷикӣ мебошад.

Мо, устодони мактабҳои олӣ дар рушду нумӯи ҳаёти ҷамъияти соҳибистиқлоламон барои ғанӣ, тоза ва суфта намудани забони тоҷикӣ тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро вазифаи аввалиндараи худ меҳисобем.

Дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  бо ибтикори кафедраҳои байнидонишгоҳии забони тоҷикӣ ва арабӣ, забони русӣ, забони англисӣ барои устодону муҳассилин семинару маҳфилҳо оид ба омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд. Дар Донишгоҳи мо маркази таълимии «Маърифат» – маркази забономӯзӣ якчанд сол инҷониб фаъолият дорад, ки аз тарафи устодони  донишгоҳамон ва Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи миллӣ  ба муҳассилин забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ омӯзонида мешаванд.

Мо, соҳибони забони тоҷикӣ,  бояд забони адабиамонро хуб омӯзем ва донем, ки  чунин забони ширину гуворо-забони давлатии мост. Он  барои раҳоӣ аз иллатҳои фарҳангӣ ва расидан ба пояҳои баланди илму маърифат ёрӣ хоҳад дод.

Волотарин дастовард —  соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон-моро водор менамояд, ки шогирдони сазовори замону миллат, донандагони хуби забони тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳоро тарбия намоем.

Мамлакат Атоева,

номзади илмҳои филологӣ.

 

 

Октябрь 5, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад