Модаронро лозим аст, ки ба духтарон фарҳанги хонадорӣ ва сабру таҳаммул омўзанд
Роғун, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун дар ҳамбастагӣ бо дигар шуъбаю бахшҳои шаҳр дар байни ҷавонону занон ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористӣ, пўшидани либоси бегона, пешгирии ҷавонон аз амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷумла нашъамандӣ ва саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, бедории ҳисси ватандўстӣ,, арҷгузорӣ ва муқаддас доштани суннатҳову арзишҳои миллӣ вохўриҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир намуд.
Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун Шабнам Маҳмадиева иброз намуд, ки «Сарвари давлат ҳамеша дар вохўриҳояшон таъкид менамоянд, ки модаронро лозим аст ба духтарон фарҳанги хонадорӣ ва сабру таҳаммулро омўзанд. Ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳақиқати зиндагии ҳар як хонавода бошад ва онро дар зиндагӣ амалӣ намоянд, чунки як омили пош хўрдани оилаҳои ҷавон ҳам аз бесабр будани духтарон сарчашма мегирад».
Мақсади вохӯриҳои масъулин он аст, ки дар ин марҳилаи ҳассос бояд духтарон зиракии сиёсиро аз даст надода, ба расму оинҳо ва фарҳанги қадимии миллӣ арҷ гузоранд ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои тундрав шомил нагардида, шаъну шараф ва ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






