Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар таҳлилу натиҷагирӣ намуда, барои идомаи тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 сол барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 450 миллион сомонӣ ва дар давоми 10 соли охир бо татбиқи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ барои беҳдошти вазъи соҳаҳо ҷудо карда шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки айни замон татбиқи 10 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 50 миллион сомонӣ идома дорад ва изҳори боварӣ намуданд, ки бо татбиқи лоиҳаҳо сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло меравад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ теъдоди коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ба 106 адад расида, садҳо нафар сокинони ноҳия, аз ҷумла занону духтарони деҳоти кишвар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Мӯъминобод ноҳияи аграрӣ буда, маҳсулоти кишоварзӣ манбаи аввалиндараҷаи даромади беш аз 80 фоизи аҳолии он ба ҳисоб меравад ва кишоварзони ноҳия дар таъмини аҳолии минтақа ва кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносиб доранд. Бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки доир ба баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва рушди соҳа аз тарафи сохторҳои дахлдор чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон диққати масъулини ноҳияро ба парвариши боғу токзор, зиёд кардани майдони боғҳо, аз ҷумла ташкили боғҳои интенсивӣ, афзун намудани ҳаҷми содирот ва рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар охир Сарвари давлат диққати сокинонро ба рушди чорводорӣ ва бунёди корхонаҳои коркарди мева, сабзавот, гиёҳҳои дармонбахш ва маҳсулоти чорво ҷалб карданд.
Баъди суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо эҳтирому самимият баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда барору комёбӣ орзу намуданд.
























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






