Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони шаҳри Кӯлоб ва иштирок дар тантанаҳои идона

Октябрь 5, 2016 18:32

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 5 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоти судманду созанда доир карда, дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Нахуст зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозинро бо ҷашни муқаддаси умумимиллӣ 25  — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешрафту дастовардҳои сокинони шаҳри таърихӣ ва куҳанбунёди Кӯлоб ёдовар шуда, нақши басо арзишманди ҷавонмардони онро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон бузург арзёбӣ карданд. Инчунин Президенти мамлакат аз истиқболи самимӣ ва дастгирии сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ба сокинони шаҳри Кӯлоб изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳо дар ин шаҳри бостонӣ андешаронӣ карда, татбиқи ҳадафҳо ва тадбирҳои ҳукумати кишвар баҳри ҳалли мушкилоти мардум, рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии Кӯлоб, тараққиёти соҳаҳои саноату сохтмон, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии таълимӣ, иншооти варзишӣ, роҳҳои мошингарду майдони ҳавоӣ ва ғайраро махсус таъкид карданд.

Зикр гардид, ки барои рушди мунтазами иқтисодиёту иҷтимоиёт бо  Қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019 тасдиқ гардидааст, ки татбиқи 262 лоиҳаро ба маблағи умумии беш аз як миллиард сомонӣ дар бар мегирад. Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба шумор меравад.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми ватанпарвару фарҳангдӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб ва кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 25 — солагии истиқлолияти давлатии кишвар ва ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвар сулҳу субот, хонаободию сарбаландӣ орзу намуданд.

Шоми ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи фарҳангии идона ва намоиши театрикунонидашуда, ки таҷассумгари дастовардҳои 25 — соли соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагию муттаҳидии мардуми шарифу сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик буд, баргузор шуд.

Бо ҳамин таҷлили ҷашни таърихии 25 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар саросари кишвар бо дастовардҳои беназир бо барпо кардани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ қайд карда шуд, ҷамъбаст гардид.

Октябрь 5, 2016 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон